Кафедраи таърих – ҷомеашиносӣ

МАЪЛУМОТНОМА

Кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгорӣ фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 2015, тибқи фармоиши №151 аз 28.10.2015 «Оид ба таъсиси кафедраҳо» ба таври мустақилона оғоз намуд. Аз моҳи сентябри соли 2015 то соли 2021 Раҳмонова Муаззам вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2021 то соли 2022 Фатҳуллоева Шаҳло ин вазифаро ба зимма дошт. Аз соли таҳсили 2022 то инҷониб мудири кафедра омӯзгори калон Муҳитдинова Озода мебошад. Дар соли хониши 2022-2023 дар кафедра 10 нафар устодони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд. Аз он ҷумла:

Мудири кафедра: омӯзгори калон Муҳитдинова Озода

Омӯзгори калони кафедра: Номзади илми бостоншиносӣ , ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши академияи миллии илмҳои Тоқикистон  Қурбонов Шароф

Омӯзгори калони кафедра : Раҳмонова Муаззам

Омӯзгори калони кафедра :Номзади илми фалсафа Бердиёрова Гулбарг Ибодуллоевна

Омӯзгори кадони кафедра: Муҳитдинова Зайнура

 

Устодони кафедра ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ: Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия», дастуру нишондодҳои меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроияро дастури худ қарор дода, дар асоси «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявиро ба роҳ мондаанд.

Дар давоми соли хониш ин кафедра ба бисёр дастовардҳо ноил гардидааст: аз он ҷумла донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат ” ва “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” иштирок намуда ба ҷойҳои сазовор ноил гардидаанд. Дар рӯзҳои чорабиниҳои сиёсӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯёни ихтисоси таърих конфренсияи илмӣ – адабӣ гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар рафти фаъолияти кори худ якчанд мақолаҳои илмӣ-семинарӣ дар кафедра ва дар конфренсияҳои илмии коллеҷ баромад намудаанд.