Кафедраи забонҳо
Кафедраи забонҳо ба таври мустақил навтаъсис буда, фаъолияти худро аз соли 2015 мутобиқи фармони директори коллеҷ таҳти рақами №156 аз 28.10.15 “Оид ба таъсиси кафедраҳо” оғоз намуд ва то ба имрӯз фаъолият карда истодааст. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 18 нафар омӯзгорони асосӣ ва ҳамкор фаъолият бурда истодаанд ва аз фанҳои мухталиф дарс мегӯянд. Аз он ҷумла, Холов Ҷ. – доктори илмҳои филологӣ, Баротиён Ш. – ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, декани факултет Оқилова А., мудири кафедра Бобоева Н., омӯзгорони калон Аҳроров К. – раиси Иттифоқи касабаи коллеҷи омӯзгорӣ, С. Нарзӣ, Бобоева Н., Ҳамроева М., Алишоев А., Комилова Н., Қурбоналиева Д., Бобоева П., Рӯзиева Ф., Норова Ф., Умарқулова Д., Раҳмонова Д., Аюбова Б., Каримзода Ҷ. ва дигар омӯзгорон фаъолият карда, барои пешбурди корҳои таълиму тарбия ба омӯзгорони ҷавон дасти ёрӣ дароз менамоянд.
Дар кафедра 4 нафар аълочии маориф: Бобоева Н., Холов Ҷ., Салоҳиддини Нарзӣ, Аҳроров К.; 1 нафар дорандаи медали корманди шоиста Холов Ҷ., 10 нафар устоди калон: С.Нарзӣ, Бобоева Н., Ҳамроева М., Алишоев А., Комилова Н., Баротиён Ш., Қурбоналиева Д., Бобоева П., Рӯзиева Ф., Умарқулова Д., Аҳроров К.; 4 нафар омӯзгор-коромӯз Норова Ф., Раҳмонова Д., Аюбова Б., Каримзода Ҷ. ва 2-нафар омӯзгори соатбай Абдуллозода Н., Баротова Н. кор ва фаъолият мекунанд.
Омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи сифати дониши толибилмон аз воситаҳои муосири таълим васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, ҳар як омӯзгор мувофиқи ҷадвали аз тарафи мудири қисми илмӣ пешниҳодкардашуда бо истифодаи тахтаҳои электронӣ ва дигар васоити муосири техникӣ дарс-презентатсияҳо мегузаронанд. Дарсҳои кушоди омӯзгорон дар ҷаласаҳои кафедра мунтазам таҳлил шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ба омӯзгорони ҷавон истифода аз методҳои муосир тавсия дода мешавад.
Омӯзгорони кафедра барои пешбурди кори таълиму тарбия тибқи нақша – чорабиниҳои дар аввали соли хониш тасдиқшуда мунтазам конференсияву шабнишиниҳои илмӣ – бадеӣ мегузаронанд.
Дар кафедра се нафар унвонҷӯён Абдуллозода Нӯшофарин, Баротиён Шаҳноз ва Бобоева Н. корҳои илмии худро барои дифоъ омода намуда истодаанд. Ҷоизи қайд аст, ки ба ин омӯзгорон барои пешбурди корҳои илмиашон аз тарафи маъмурияти коллеҷ кӯмаки бевосита расонида мешавад.
Донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ низ гардиданд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни “Истеъдод”ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву бадеӣ назаррас аст. Баромади донишҷӯёни кафедраи забонҳо дар конференсияҳои илмӣ сазовори баҳои баланд гаштааст.
Дар назди кафедра се маҳфил: “Навқаламон”, “Пушкинский дом” ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” амал мекунад. Иштирокчиёни ин маҳфилҳо дар машғулиятҳо бо маълумоти иловагӣ аз фанҳои дӯстдоштаашон шинос мешаванд, зери назорати омӯзгорон бо корҳои илмӣ машғул мешаванд, инчунин дар чорабиниҳои илмӣ, бадеӣ – фарҳангӣ иштирок менамоянд.
Ҳар сол омӯзгорони кафедра баро сайқал додани дониши илмии худ ба навиштани дастурамалҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ машғул мешаванд.
Тибқи нақшаи шӯъбаи илм омӯзгорон бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Инчунин дар маҷаллаҳои даврии маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки мақолаҳои илмӣ-ва методии худро ба нашр расонанд.
Дар Коллеҷ рӯзномаи “Ҳамсадо” ба чоп мерасад, ки сармуҳаррири он устод Аҳроров К. мебошанд. Дар он мақолаҳои донишҷӯён ва омӯзгорон чоп мегардад.
Ҳар сол аз тарафи омӯзгорони фанҳои забони русӣ, англисӣ ва забони тоҷикӣ барои хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ташкил карда мешавад, ки пас аз хатми он толибилмон соҳиби шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
Кафедра соҳиби кабинети корӣ, компютер, принтер мебошад. Устодон дар чорабиниҳои илмӣ-методӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, тарбияи шогирдон, таълими босифати онҳо саҳми босазо доранд.